- ғализ
- [غليظ]а1. ғафс; абри ғализ абри ғафси сиёҳ; дуди ғализ дуди ниҳоят ғафсу тира; торикии ғализ пардаи ғафси торикӣ; хуни ғализ хуни ғилзаташ аз меъёр зиёд, хуни ғафс; чанги ғализ чанги ниҳоят тираву вазнин; қандчойи ғализ чойи аз ҳад зиёд ширин2. маҷ. дурушт, дағал; овози ғализ садои дурушту дағал, овози ғафси нофорам; ғализ кардан (намудан) ғафс кардан; торикиро ғализтар кардан торикиро боз ҳам зиёдтар кардан; бӯи ғализ бӯи бад, бӯи нофорам; мазаи ғализ мазаи нофорам, мазаи ногувор; хӯроки ғализ хӯроки бадмаза, ғизои бадтаъм; забони ғализ забони услубан носуфта; иборати ғализ баёни муғлақ ва душворфаҳм; ҳаворо ғализ намудан ҳаворо вазнину бадбӯ кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.